ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазъияти амниятии Афғонистон барои ҳамсоягон ҷойи нигаронӣ надорад, иттилоъ дод сомонаи “Парс Тудей” аз қавли сухангӯи давлати муваққати толибҳо Забиҳуллоҳи Муҷоҳид.
Оқои Муҷоҳид, эълом кард, ки толибон иҷоза нахоҳанд дод ки аз хоки Афғонистони зиди кишвари дигаре истифода сурат гирад.
"Мо инро рад мекунем, ки Худои нохостаи кадом гуруҳи террористӣ дар Афғонистон ҷо мегирад ва ё аз хоки Афғонистон зидди касе истифода хоҳад шуд . Мо ин итминонро додем. Ин нигаронии Тоҷикистон беҷост", - афзуд ӯ.
Муҷоҳид изҳор доштааст, ки ҷониби Тоҷикистон нигарониашанро аз наздик бо толибҳо дар миён гузорад.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ахиран дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, Афғонистон ба суръат ба паноҳгоҳи террористҳо ва макони амни ифротигароии радикалии Толибон дар минтақа табдил мешавад.
“Мо шоҳиди кори систематикӣ ҳастем, ки бар асоси он ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷангҷӯёни хориҷӣ ба шимоли Афғонисон интиқол дода мешаванд ва ҳадафи он эҷоди бистари нави танишҳо дар наздикии марзҳои мо аст”, - гуфт вазири хориҷаи Тоҷикистон.
Дипломати тоҷик бо нигаронӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии мусаллаҳона аз сӯи Афғонистон, зарурати таҳкими ҳифзи марз бо ин кишварро муҳим хонда буд.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунон толибонро муттаҳам кард ки хости кишварҳои минтақа ва ҷомеъаи ҷаҳониро дар робита ба эҷоди як ҳукумати ҳамашумул нодида гирифтааст.
Пеш аз ин, нахуствазири Покистон, Шаҳбоз Шариф низ дар маҷмаи умумии СММ гуфта буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигаронанд.
Суханоне, ки вокуниши шадиди мақомдорони ҷадиди Афғонистонро ба дунбол дошт ва ба шиддат онро маҳкум карданд.