Ҷаҳиши нархи футболбозҳои тоҷик: Кӣ чанд пул меистад?

Ба сегонаи гаронарзиштарин бозигарони тими мунтахаби Тоҷикистон, Эҳсони Панҷшанбе, Зоир Ҷӯрабоев ва Рустам Ятимов ворид гардидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Нархи умумии бозигарони тими миллии футболи Тоҷикистон 100 ҳазор евро боло рафтаст, бармеояд аз додаҳои "Transfermarkt".
Бар асоси ин манбаъ, аз ҳама гаронарзиштарин, ин бозигари тими “Зубоҳан”-и Эрон Эҳсони Панҷшанбе шудаст, ки нархаш ҳудуди 700 ҳазор евро ҳисоб шудаст.
Дар ҷои дуюм Зоир Ҷӯрабоев бо 500 ҳазор евро аз тими “Сурхон”-и Ӯзбекистон ва сеюм - Рустам Ятимов бо 400 ҳазор евро аз "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе қарор доранд.
Ҷойи чаҳорумро ҳимоятгари “Персеполис”-и Эрон Ваҳдат Хононов ва ҳамлагари “Трау”-и Ҳинд Комрон Турсунов тақсим мекунанд. Онҳо 325 ҳазор евроӣ арзиш доранд.
Бозигарони дигари тими миллӣ Шаҳром Самиев аз "Ислочи"-и Белорус, Рустам Соиров аз "Левадия"-и Эстония ва Нуриддин Ҳамроқулов аз "Хатлон" 300 ҳазор евроӣ баҳогузорӣ шудаанд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозиҳояшро дар Ҷоми Осиё бо пирӯзӣ оғоз кард
Арзиши 250 ҳазор евро ба Амирбек Ҷӯрабоев аз "Юнайтед Сити"-и Филиппин ва Муҳаммадҷон Раҳимов аз "Истиқлол" нисбат дода мешавад.
Манучеҳр Сафаров аз "Локомотив"-и Тошканд 225 ҳазор евро, Шоҳрӯз Қирғизбоев аз "Хуҷанд" - 200 ҳазор, Аҳтам Назаров ва Шервон Мабатшоев аз "Истиқлол" - 175 ҳазор евроm нарх доранд. Арзиши Муҳриддин Ҳасанов ва Парвиз Боқи-Охунов аз "Истиқлол" 150 ҳазор евроист.
Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода ва Далер Имомназаров аз "Истиқлол" ва Ҳамадони Камолов аз "Паракуэллос"-и Испания 125 ҳазор евро нарх доранд. Дар ҷамъбасти феҳраст Табрези Давлатмир аз "Истиқлол" бо арзиши 100 ҳазор евро ҷой гирифтаст.