Вазорати дифои Русия нишон дод, ки чӣ гуна нерӯҳои ҳавоӣ мавқеъҳои низомиёни Украинаро дар ҷангалзор бо кумаки ҳавопаймоҳои бесарнишин ва артиллерия нобуд кардаанд.
Бар асоси навори нашргардида, нахуст ҳавопаймоҳои бесарнишин ошкор мекунанд, ки миллатгароён ва техникаи вазнини нерӯҳои Украина дар ҷангалзор мақар гирифтаанд.
Дар пайи дарёфти иттилоъ дар мавриди мушахассоти мавқеъгирӣ, бо артиллерия ба он зарбаи ҳавоӣ зада мешавад. Илова бар ин, дар рафти амалиёт партоби норинҷакҳо аз квадрокоптерҳо низ кор бурда шудаст.
Вазорати дифои Русия тавзеҳ дод, ки бар асари зарба на танҳо нерӯи зинда, балки 2 адад техникаи низомӣ, аз ҷумла як ракетандози чандгонаи "Град" низ нобуд шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президенти ФР, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.