ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар доираи даъвати тирамоҳии наваскарон ҳамкорӣ бо мардум боз ҳам ҷоннок карда шаваду вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон саривақт қарор қабул гардад.
Ин нуктаро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар ҷаласа бо ҳайати фармондеҳӣ ва комиссарони ҳарбии вилоят ва шаҳру навоҳӣ баён дошт.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, роҳбарияти ин ниҳод ба масъулин вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, ташхису муоинаи тиббӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари фарзандони шахсони мансабдорон таваҷҷуҳ диҳанд.
Ҳамчунин таъкид гардидаст, ки аз ҷинояту роҳҳои ғайриқонунии даъват пешгирӣ карда шавад.
Ин дастур дар ҳолест, ки ҳамасола дар шабакаю расонаҳо хабарҳо дар мавриди сарзбозшикор, ба истилоҳ "облава" нашр мегарданд.
Ҳамчунин вазир аз тобеин хостааст, кӯшиш намоянд, ки ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро интихоб ва ба артиш равона созанд.
Фармондеҳон дар масъалаи қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ муваззаф шудаанд, ки ба онҳо афсарону сержантони ботаҷрибаро вобаста намоянду ғамхорӣ дар ҳаққи онҳоро фароҳам созанд. Таъкид гардидаст, ки аз фаъолияти рӯзмарраву хизматии афсарону сарбозон ва дар маҷмӯъ зертобеони худро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.