ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон муаассисаи ҷадид таҳти унвони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода арзи ҳастӣ хоҳад кард.
Ин пешниҳодро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои кишвар баён дошт.
Ӯ гуфт, бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.
"Ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дода мешавад, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд", - таъкид намуд Раҳмон.
Вай афзуд, ки барои забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, то ба кишварҳои хориҷӣ барои забономӯзӣ рафтани шаҳрвандон ҳарчи камтар гардад.
Дар сурати амалӣ шудан, ин дуюмин донишкада дар соли равон хоҳад буд, ки ба донишгоҳи байналмилалӣ табдил хоҳад шуд.
Аввали соли равон бо қарори ҳукумат, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории кишвар табдил ёфта буд.