ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Парванда алайҳи раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон бо иттиҳоми қаллобӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидаст.
Дар ин бора Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон хабар додааст. Манбаъ таъкид намудаст, ки муттаҳам бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул намудан ба узвияти Ассотсиатсия пул мегирифтаст.
Аз ҷумла таъкид кардааст, ки дар 200 ҳолат аз ҷабрдидаҳо ба маблағи беш аз 748 ҳазор сомонӣ пул мегирифтааст.
Бар иваз ваъда медодаст, ки маблағҳои гирифтаашро дар суратҳисоби соҳибкорон нигоҳ дошта, дар баробари ин аз ҳисоби Фонди хориҷӣ барои онҳо гранти бебозгашт ҷудо карда медиҳад.
Оҷонсӣ зарари расонда ба занони соҳибкор дар Хатлонро махсусан калон арзёбӣ карда, таъкид намудаст, ки парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудаст.
Ваъдаи грант дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон талош доранд, мақомоти давлатӣ ва бархе аз созмонҳои молияӣ бо пешниҳоди грантҳо соҳибкориро миёни занон равнақ диҳанд.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, феълан дар ҷумҳурӣ 75 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд. Таъкид шудласт, ки беш аз 38 ҳазори онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.