ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Қазоқистон тамринҳои низомии СААД оғоз шуданд, хабар медиҳад Вазорати дифои ин кишвар.
Машқҳои нерӯҳои муштараки вокуниши сареи СААД, аз ҷумла "Ҳамкорӣ-2022", "Ҷустуҷӯ-2022", "Эшелон-2022" дар қаламрави ду вилояти Қазоқистон – Алма-Ато ва Ҷамбул баргузор мешаванд.
Чорабиниҳои мазкур аз 26 сентябр то 8 октябр идома хоҳанд кард. Дар размоишҳо низомиёни Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни машқҳо амалиёти зидди ҳамлаи ҳавоӣ тамрин карда шавад.
"Ҳарбиён омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак барои бартарафсозии низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дохили СААД мебошанд, тамрин хоҳанд кард", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Илова бар ин, ширкаткунандагони размоиш баргузории амалиёти истихборотӣ бо истифода аз нерӯю воситаҳои кишварҳои узви СААД ба манфиати нерӯҳои дастаҷамъонаро машқ мекунанд.
Дар доираи размоиши "Эшелон-2022" барои ташкили таъминоти моддию техникии нирӯҳои кишварҳо узв тадбирҳо андешида мешаванд.
Инчунин ҳангоми ҳаракати воҳидҳои низомӣ масоили "масъалаҳои хизмати комендантӣ, мудофиаи ҳавоӣ ва таъминоти дигари гуногунҷанба" тамрин карда мешаванд.