ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар интихоботи президенти Қазоқистон, ки 20 ноябр таъйин шудааст, ҳанӯз номзаде пешбарӣ нагардидааст.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар дода, афзуд, ки раванди пешниҳоди номзадҳо аллакай аз 23 сентябр оғоз гардидаст. Феълан ягон хоҳишманди президентӣ ба қайд гирифта нашудааст, таъкид гардидаст манбаъ, бо такя ба Комиссияи марказии интихоботии ҶҚ.
Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки банди "зидди ҳама" ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки мавқеашонро баён намоянд, аммо ба натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ таъсир надорад.
Зикр гардидаст, ки агар 60%-и шаҳрвандони Қазоқистон "зидди ҳама" овоз диҳанд, даври дуюми интихобот таъйин мешавад. Дар даври дуюм 2 номзаде иштирок хоҳанд дошт, ки орои бештар гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Қосимҷомарт Тоқаев, президенти феълии Қазоқистон, бо имзои як фармон интихоботи зудҳангоми президентӣ дар кишварро рӯзи 20 ноябр таъйин намуд.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи равон зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад.
Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2019 президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Аз 20 марти соли 2019 бар асоси Конститутсия раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурӣ шуд.
Дар моҳи июни ҳамон сол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд, ки дар он оқои Тоқаев бо натиҷаи 70,9%-и оро пирӯз шуд.