Мунтахаби Тоҷикистон барои Ҷоми шоҳ бо тими Малайзия сабқат мекунад

Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол дар даври ниҳоии 48-умин Мусобиқаи байналмилалии "King's Cup 2022" зӯрозмоӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Сабқати тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия соати 18:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тимҳои мазкур дар қисмати ниҳоии 48-умин Мусобиқаи байналмилалии "King's Cup 2022" зӯрозмоӣ мекунанд.
"Дар шаҳри Чиангмайи Тайланд 25 сентябр бозии ниҳоии 48-умин мусобиқаи байналмилалии "King's Cup 2022" миёни тимҳои миллии Малайзия ва Тоҷикистон баргузор мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба финали Ҷоми футболи Осиё-2023 роҳ ёфт
Маврид ба зикр аст, ки дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бар Тринидад ва Тобаго бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Голҳоро Муҳаммадҷон Раҳимов ва Эҳсони Панҷшанбе ба ҳадаф расонданд. Дуввумӣ беҳтарин бозигари ин сабқат дониста шуд.
Дар бозии дигари нимниҳоӣ тими Малайзия дастаи мизбон - Таиландро шикаст дода, ба финал роҳхат гирифта буд.
Петр Сегрт, сармурабии мунтахаби Тоҷикистон гуфт, ки дастпарваронаш тамоми талошро мекунанд, ки дар ин сабқат пирӯз гарданду "King's Cup 2022"-ро ба даст биоваранд.