Раисҷумҳури Руминия мегӯяд, НАТО намехоҳад бо Русия ҷанг кунад

Раисҷумҳури Руминия ахиран эълон кардааст, ки бино бар вазъи Украина НАТО намехоҳад бо Русия сарбасар шаваду худро вориди ҷанг кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. НАТО ба далели ҳаводиси Украина бо Русия ҷанг нахоҳад кард, балки баръакс ба коҳиши шиддат аз ҳарду ҷониб умед дорад, гуфт Клаус Йоханнис, раисиҷумҳури Руминия.
"Руминия ва НАТО бо Русия вориди ҷанг намешаванд, аммо поин овардани шиддат бояд ҳарду ҷониб бошад. Ин як вазъияти хеле муташанниҷ аст ва мо, дар қиёс ба дигар шарикони НАТО бо Украина сарҳади дарозтарин дорем, ба таври возеҳ дар мавқеи махсус қарор дорем, аммо мо ба ҳама гуна нақшаҳо омодаем", - гуфт Йоханниҳангоми сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳида.
Вай қайд кард, ки Руминия ба ҳама гуна сенария омодагӣ дорад, вале ба музокироти сулҳи Русия ва Украина умед дорад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.
Писари раҳбари Қрим дар доираи басиҷи нисбӣ ба сафи артиш даъват шуд
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба доранд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳанд буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.