Мулоқоти муштараки вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон бо муовини дабири кулли СММ

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо муовини дабири кулли СММ низои марзӣ ва ҳалли мусолиматомези онро баррасӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар Ню-Йорк мулоқоти муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ва Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорти умури хориҷаи Тоҷикистон дар Телеграмм-канали худ.
Иттилоъ дода шудааст, ки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷеенбек Кулубоев ва муовини Дабири кулли СММ дар умури масъалаҳои сиёсӣ ва бунёди сулҳ Розмари Дикарло баргузор гардид.
“Иштирокчиёни мулоқот доир ба вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкор намуда, омодагии худро барои идомаи музокирот оид ба ҳалли мусолиматомези минбаъда изҳор карданд”,- қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Илова бар ин, ҷонибҳо аҳамияти иҷрои созишҳоро дар чаҳорчӯби Протоколи баимзорасида дар бораи ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 19 сентябри соли 2022 зикр карданд.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати низомиёни Қирғизистон парванда боз кардааст
Ёдовар мешавем, ки ахиран прокуратураи генералии Точикистон нисбати низомиёни Қирғизистон парванда боз кардааст.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, ки низомиёни Қирғизистон бо мақсади халалдор намудани Истиқлолият ва ғасби ҳудуди мамлакат аз техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои оташфишони гуногунтамға, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин, истифода намудаанд.
Тибқи иттилои прокуратураи генералӣ сарбозони қирғиз ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва деҳаҳои аҳолинишин, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.
“Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки Қирғизистон пешакӣ нақшаи ҷанги таҷовузкоронаро бо мақсади ғасби ҳудуди Тоҷикистон тарҳрезӣ намуда, дар маҳалҳои наздисарҳадӣ ба миқдори зиёд техникаҳои ҳарбии вазнини заминию ҳавоӣ ва шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбиро ҷой кардаанд”, - гуфтааст прокуратура.