ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Қурби рубл дар биржаи асъори Маскав дар баробари доллару евро майли устуворшавияшро идома дода истодааст.
Бар асоси додаҳои биржаи Маскав, қурби доллар аз 57 рубл ҳам поин рафт, ки бори аввал аз моҳи июл ба ин сӯ мебошад. Арзиши евро низ аз 55 рубл камтар шудааст, ки он ҳам нишондоди бесобиқа тайи қариб 3 моҳи охир аст.
Қурби доллар ба ҳисоби "фардо" дар сатҳи 56,7 рубл ва евро 55 рубл муқаррар гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказии Русия бар асоси додаҳои биржаи Маскав қурби рублро дар баробари асъори хориҷӣ муқаррар мекунад.
Тавзеҳ дода мешавад, ки сарфи назар аз таваккалҳои геосиёсӣ қурби рубл ба он далел боло меравад, ки содиркунандагон қисми даромади асъорияшонро мефурӯшанд, аммо талабот ба он аз ҷониби содиркунандагон кам аст.
Дигарбора рӯй ба устуворӣ ниҳодани рубл дар ҳоле сурат мегирад, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад.
Қаблан ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов изҳор дошт, ки ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов шарҳ дод, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод.