Слутский шарти музокирот бо Украинаро гуфт

Раҳбари Ҳизби либерал демократи Русия мегӯяд музокирот бо Украина танҳо дар сурати таслимшуданашон имконпазир хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Музокирот дар бораи шартҳои таслимшавии Украина имконпазир аст, инро метавон ба таври назариявӣ тасаввур кард, гуфт Леонид Слутский, раҳбари Ҳизби либерал демократи Русия ва узви ҳайати музокирот бо Украина дар баҳори соли 2022.
"Музокирот дар шакли қаблӣ, мутаассифона, Киев аз тавофуқҳои ҳосилшуда даст кашид (имконнопазир аст). Музокирот дар бораи шартҳои таслимшавии Украина имконпазир аст, инро метавон ба таври назариявӣ тасаввур кард", - гуфт Слутский дар барномаи телевизионии "Россия 24" .
Вай ҳамчунин гуфт, ки Русия бо Ғарб дар ҳолати "муборизаи геостратегӣ" қарор дорад.
Матвиенко: Давлати Украина ба як режими террористӣ табдил ёфтааст
Слутский ҳамчунин илова кард, ки "Ба Украина ҳар рӯз силоҳҳои хатарнок ба андозае интиқол дода мешавад, ки ба ҷуз Иёлоти Муттаҳида дар ҳеҷ кишваре мавҷуд нест."
Ёдовар мешавем, ки ахиран фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба доранд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳанд буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.
Писари раҳбари Қрим дар доираи басиҷи нисбӣ ба сафи артиш даъват шуд
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.