ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз навоҳии марзии ҷумҳурӣ, ки ахиран мавриди зарбаи Қирғизистон қарор гирифтаанд, боздид кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дод.
Манбаъ мегӯяд, сарвазир ба манзили қурбониёни даргирии марзӣ рафта, фотеҳа хондаву изҳори ҳамдардии амиқи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро ба аҳли оила ва пайвандони онҳо расонидааст.
Таъкид шудааст, ки ҳамчунин раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба хонаи қурбониён рафта, ҳамдардии роҳбарияти кишварро расондаанд.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки беш аз 100 кушта аз ҳарду ҷониб ва садҳо маҷруҳро барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Ҷониби Тоҷикистон қаблан теъдоди қурбониён аз зарбаи ҷониби Қирғизистон дар марзро 41 нафар гуфта, таъкид намуд, ки ин рақам метавонад афзоиш ёбад. Феълан дар расонаю шабакаҳои иҷтимоӣ феҳрасти ҳудуди 60 нафар нашр шудаст, ки гуфта мешавад, бар асари зарбаҳои охири ҷониби Қирғизистон кушта шудаанд. Расман ин рақам ҳолло таъйид нашудаст.
Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳо дар ин даргириро 59 нафар арзёбӣ кардааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ боиси таниш мегардад, ки баъзан ба тирпарронию марги одамон мепечад.