Дар Тоҷикистон мехоҳанд устодону донишомӯзонро забондон кунанд: вазорат қарор қабул кард

Дар Тоҷикистон мехоҳанд раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар макотибу донишгоҳҳо тезтар кунанд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми қароре низ қабул кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муҳассилини мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олиро барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифадор кардааст.
Аз ҷумла, ин ниҳод қайд кардааст, ки хонандагони мактабҳо, донишҷӯён ва омӯзгорон бояд 400 калимаҳои русӣ ва англисиро донанд.
Дар ин бора қарори дахлдори вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода шаҳодат медиҳад.
Ин натиҷа бояд ҳарчи зудтар ба даст ояд ва аз ин рӯ Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки то моҳи январи соли 2023 чунин натиҷаҳоро интизоранд.
Раҳмон соли 2023-ро дар Тоҷикистон Соли забони русӣ эълон кард
Бо ин мақсад, дар ин ниҳод китоберо низ омода кардааст - "Луғати калимаҳои байнулмилалии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ". Онро барои омӯзиш истифода бурдан мумкин аст.
Ҳамзамон, дар қарор зикр шудааст, ки чунин қоида ба донишҷӯёни синфҳои ибтидоӣ дахл надорад.
"Ҳамаи омӯзгорони мактабҳо, хонандагони синфҳои 5-11, донишҷӯён ва дигар кормандони соҳаи таълими кишвар вазифадоранд, ки дар оғози соли нав 400 калимаҳои русӣ ва англисӣ омӯзанд", - омадааст дар санад.
Маврид ба зикр аст, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар сатҳҳои болоӣ махсусан президенти кишвар таваҷҷуҳи хоса медиҳад ва дар ҳама баромадҳояш дар робита ба соҳа ин нуктаро қайд мекунад.