ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқоти дуҷонибаи Икромӣ Сироҷиддин Салом, раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ва Сорококин Глеб, ноиби президенти ҶС “МТС-банк”-и Русия баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии “Амонатбонк”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаи “Амонатбонк” ва “МТС-банк” дар самтҳои амалиётҳои асъорӣ, интиқоли маблағ аз корт ба корт, қарздиҳӣ ба ҳамватанони бурунмарзӣ, хизматрасониҳои фосилавӣ, васеъ намудани хизматрасониҳо тавассути барномаи бонкдории мобилӣ ва ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ баррасӣ гардиданд.
Раиси Раёсати “Амонатбонк” дар ин дидор таъкид намудааст, ки Амонатбонк идомаи ҳамкориҳои молиявиро дар сатҳи зарурӣ миёни бонкҳо барои ҳалли масъалаҳои молиявии соҳибкорони ҳарду кишвар муфид медонад.
Инчунин Икромӣ Сироҷиддин Салом зикр кардааст, ки баъд аз ба имзо расонидани Шартномаи генералӣ бо “МТС-банк” санаи 16-сентябри соли ҷорӣ Амонатбонк суратҳисобҳои мукотибавии худро бо чор асъор аз он ҷумла бо доллар, евро, рубли русӣ ва юани Чин кушод.
“Иқдомҳои мазкур пеш аз ҳама барои дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ ва ҳамватанони бурунмарарзӣ буда, барои амалиётҳои бонкӣ шароити мусоид фароҳам меоварад”, - таъкид кардааст Раиси Раёсати “Амонатбонк”.