Қасди ҳамла ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки шаҳрвандони кишвар, дар ҳудуди Қирғизистон бо фишору таҳдидҳо рӯ ба рӯ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Шоми 18 сентябри соли равон шахси номаълуми сину солаш тақрибан 35 сола бо роҳи зурӣ ва ибрози таҳдиду таҳқир ба Тоҷикистон кушиш намуд, ки ба қароргоҳи Ализода Назирмад, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ворид шавад, иттилоъ додааст Вазорати хориҷаи кишвар.
Тибқи иттилои ВУХ-и Тоҷикистон ин иқдом боиси нигаронии мақомоти кишвар шудааст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз ҷониби Қирғизистон даъват кардааст, ки амнияти Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, кормандон ва аъзои оилаи онҳо тибқи ӯҳдадориҳои кишвари маҳалли иқомат, ки аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, таъмин карда шавад.
ВУХ: Қирғизистон тасмим гирифтааст донишҷӯёни тоҷикро ихроҷ намояд
ВУХ-и Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ҳодисаҳои дар Қирғизистон бавуқӯъомада ба муқаррароти Изҳороти муштараки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Чолпон-Ота 21 июли соли 2022), аз ҷумла ба банди 25-уми санади мазкур, ки дар он “зарурати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, аз қабили нафароне, ки муваққатан ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд ва таъмини кумаки ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва машваратӣ ба онҳо” дарҷ шуда, аз ҷониби Президенти Қирғизистон низ қабул гардидааст, қатъиян мухолифат мекунанд.
Ҷониби Тоҷикистон аз Ҳукумати Қирғизистон талаб мекунанд, ки барои роҳ надодан ба табъиз нисбат ба тоҷиктабарон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд, чораҳои таъхирнопазир андешад.