Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Шарҳи боздошту раҳоии 2 ефрейтор, старшина ва прапоршики қирғиз дар Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шароити боздошт ва нигоҳдории 4 низомии Қирғизистонро баён дошта, тавзеҳ дод, ки чаро онҳоро раҳо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тоҷикистон аз рӯи принсипи башардӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии нек 4 низомии боздоштшударо ба ҷониби Қирғизистон супорид.
Ин нуктаро бо нашри як иттилоия Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баён доштаст.
Ба иттилои манбаъ, низомиёни мазкур дар ҳудуди марзи давлатии Тоҷикистон зимни муноқишаҳои мусаллаҳона дастгир карда шуда буданд.
Ин ниҳод дар феҳрасти боздоштшудаҳо прапоршики 27-солаи дидбонгоҳи сарҳадии "Достук"-и ноҳияи Бодканд, старшинаи 38-солаи дидбонгоҳи сарҳадии "Достук"-и ноҳияи мазкурро ном бурдаст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт? Посухи мақомоту мардум
Ҳамчунин дар миёни боздоштшудаҳо 2 сарбози қатории ҷавон, ефрейтори 20-солаи қисми ҳарбии №30647 Вазорати мудофиаи Қирғизистон ва ефрейтори 21-солаи қушунҳои сарҳадии ин кишвар қарор доштаанд.
"Тибқи талаботи меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ низомиёни Қирғизистон бо ёрии тиббӣ, хурду хӯрок ва шароити маишӣ таъмин карда шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки тибқи созиши Тоҷикистону Қирғизистон шоми 19 сентябри соли 2022, соати 19:00 бо вақти Душанбе, 4 нафар низомии дастгиршуда ба мақомоти қирғиз супорида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.