Сарвазири Маҷористон гуфт, Украина чӣ қадар қаламравашро метавонад аз даст диҳад

Сарвазири Маҷористон ҳушдор дод, ки дар натиҷаи тӯл кашидани муноқиша бо Русия бо нисфи сарзаминҳои Украина чӣ метавонад рух диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Украина метавонад як қисми муҳими ҳудудиро аз даст диҳад, изҳор дошт сарвазири Маҷористон Виктор Орбан. Дар ин бора рӯзномаи "Nepszava" хабар медиҳад.
"Даргириҳо дар Украина метавонанд, то соли 2030 идома ёбад ва Киев метавонад дар натиҷа сеяк ё нисфи қаламравашро аз даст диҳад", - гуфт ӯ.
Вай инчунин Ғарбро дар он муттаҳам кард, ки амалиёти низомӣ ба миқёси феълияш расид.
"Даргириҳо дар Украина маҳаллӣ мебуданд, аммо Ғарб дахолат кард ва онро ҷаҳонӣ кард", - nизщор дошт дошт сарвазир.
Орбан дар бораи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Федератсияи Русия сухан ронда, қайд кард, ки онҳо мисли тир ба пои худ парондананд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳушдори Володин ба Вашингтон аз оқибати мусаллаҳсозии Киев
"Аз сабаби бӯҳрони энержӣ, ки дар натиҷаи таҳримҳо ба вуҷуд омадааст, кори то 40% саноати Аврупо метавонад дар фасли зимистон мутаваққиф шавад", - ҳушдор дод ӯ.
Вай таъкид кард, ки мухолифи тамдиди маҳдудиятҳо алайҳи Русия мебошад.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.