ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон расман теъдоди қурбониёни даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон аз ҳисоби сокинони мулкиро эълон намуд.
Ба иттилои ВУХ, бар асари зарбаҳо ба мошини ёрии таъҷилӣ, мактаб, масҷид ва хонаҳо 28 сокини мулкӣ кушта шуданд, ки миёнашон кӯдакону занони солхӯрда низ ҳастанд.
Манбаъ афзуд, ки ҷониби қирғизҳо аз мошини зиреҳпӯш рӯзи 16 сентябр худрави ёрии таъҷилиро дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Зумрад тирборон кард.
"Дар натиҷаи ин ҳамла 5 узви як оила, аз ҷумла ду кӯдак - Асмоаи 6-солаю Имрони 4-cола ва фелдшеру ронанда ба ҳалокат расиданд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин нерӯҳои Қирғизистон дар ҷамоати Чилгазӣ хонаҳоро оташ зада, як зани солхӯрдаро куштаанд. Бар замми ин бар асари оташи миномёт аз ҷониби Қирғизистон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров занони 60 ва 74-cола ба ҳалокат расида, 5 узви хонаводаашон, аз ҷумла ноболиғон маҷруҳ шудаанд.
ВУХ афзуд, бо вуҷуди эълони оташбасу имзои санад аз ҷониби роҳбарони мақомоти амниятии ду кишвар ва роҳбарони комиссияҳои тарафҳо, Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, баъди зуҳри 16 сентябр Қирғизистон бо истифода аз чархболҳои ҳарбию бесарнишинҳо боз зарба задааст.
Аз ҷумла бар асари зарба ба мактаби миёнаи рақами 8-и ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 сокини мулкӣ ба ҳалокат расидаанд.
Дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишин дар масҷиди ҷамоати мазкур 12 нафар кушта шуда, 20 сокини мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Миёни маҷруҳон аз ҷумла кӯдаки 7-сола низ ҳаст, илова намуд ВУХ Тоҷикистон.
Дар мавриди ҳалокшудагон миёни низомиён, мақомоти Тоҷикистон феълан изҳори назар накардаанд.
Дар ҳамин ҳол ҷониби Қирғизистон изҳор доштааст, ки дар даргирии ахири марзӣ 36 шаҳрванди ин кишвар ба ҳалокат расидаанд.
Даргирии охири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16 сентябр рух дода, соатҳо тӯл кашид. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаю маҷруҳ шудаанд. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғози даргирию шиддати он муттаҳам мекунанд. Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ шуда, ҷонибҳо барои коҳиши шиддат музокирот доранд.