Вазъ мураккаб: низомиёни қирғиз бо силоҳи сангин деҳоти аҳолинишини Тоҷикистонро заданд

Марзбонони Қирғизистон мавҷи танишҳои марзиро ба манотиқи сарҳадии шарқи Тоҷикистон кӯчонида аз силоҳҳои сангин минтақаҳои аҳолинишинро тирборон мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Хадамоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба нақзи шарту талаботҳои оташбаси эълоншуда муттаҳам кард.
Ба иттилои манбаъ, низомиёни қирғиз 17 сентябри соли 2022, соати 11:50 аз мавқеи ноҳияи Ҷонолойи вилояти Уш ҷониби хонаҳои сокинони деҳаи Тоҷварони ҷамоати Сайлиободи ноҳияи ЛахшиТоҷикистон аз техникаи ҷангии “Град” оташ кушоданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
СПАД гуфт, ҷонибдори оташбаси дарозмуддат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст
"Дар натиҷа 4 сокини деҳаи мазкур захмдор шуда, 3 манзили истиқоматӣ хароб гардиданд",- афзудааст дафтари матбуоти Хадамоти марзбонӣ.
Ҳамчунин соати 14:30-и ҳамин рӯз вохӯрии намояндагони ниҳодҳои марбутаи ду кишвар баргузор гардида, тарафҳо оиди оташбас ва ба эътидол овардани вазъият мувофиқа намуданд.
"Аммо соати 17:20 ва такроран соати 18:10, сарҳадбонони Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии “Град” ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд", — омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки соати 19:00-и бегоҳ ду ҷониб оид ба оташбаси навбатӣ ба созиш расиданд.
Аммо ба таъкиди КДАМ вазъият дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи мазкур мураккаб боқӣ мемонад.