Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол меояд

Пас аз ду рӯзи ваҳшатноки ҷангу садои тӯпу тир, дар пайи музокироти ҳайатҳо вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Музокирот миёни намояндагони ниҳодҳои амниятӣ ва мақомоти вилоятҳои Суғду Бодканди Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад, вазъ ба эътидол меояд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
"Пас аз музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон вазъ дар марз тадриҷан ба эътидол омада, сокинон ба зиндагии рӯзмарра бармегарданд", - омадааст дар гузориш.
Гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи шанбе комиссияи муштараки ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзӣ ба кори худ идома дод.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи ду кишвар субҳи 16 сентябр бо шиддати тоза авҷ гирифт. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт ки низомиёни дидбонгоҳи марзии "Кӯктош"-и отряди марзии Бодканди Қирғизистон созишномаҳоро нақз карда, оташ кушодаанд. Онҳо ба сӯи дидбонгоҳи "Душанбе"-и отряди сарҳаддии "Исфара" тир холӣ карданд.
Низомиёни қирғиз новобаста аз оташбас қаламрави Тоҷикистонро дубора тирборон карданд
Нерӯҳои низомии Қирғизистон ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара ва Хистеварз ва Овчиқалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд.
Дар натиҷаи даргирӣ 7 сокини маҳаллӣ кушта, 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомоти тоҷик ҳамзамон ҳамалоти паҳбодии Қирғизистонро ба маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон қайд карданд, ки дар пай қурбонӣ дошт.