ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз даргириҳое, ки рӯзҳои 14-16 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои сангин рух дод, нигарон аст.
Дар ин бора дафтари матбуоти котиботи СПАД хабар додааст.
"Котиботи СПАД вазъро бодиққат назорат мекунад ва умедвор аст, ки оташбасе, ки ҳоло барқарор шудааст, дарозмуддат хоҳад буд. Муноқиша бояд танҳо дар сари мизи музокирот ҳал шавад", - омадааст дар хабар.
Ин созмон аз созиши оташбас ва музокирот миёни хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол кардааст.
СПАД ҳамчунин изҳори итминон кардааст, ки ҷонибҳо метавонанд роҳҳои ҳалли мушкили марзиро пайдо кунанд ва истифодаи нерӯро ғайри қобили қабул хондааст.
Илова бар ин, созмон ба хонавода ва наздикони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи ду кишвар субҳи 16 сентябр бо шиддати тоза авҷ гирифт.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки низомиёни дидбонгоҳи марзии "Кӯктош"-и отряди марзии Бодканди Қирғизистон созишномаҳоро нақз карда, оташ кушодаанд. Онҳо ба сӯи дидбонгоҳи "Душанбе"-и отряди сарҳаддии "Исфара" тир холӣ карданд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара ва Хистеварзу Овчиқалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд.
Дар натиҷаи даргирӣ 7 сокини маҳаллӣ кушта, 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.