ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир болотар аз нерӯҳои зиддитолибонӣ аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимат барои ҳукумати феълии Афғонистон хатар дорад.
Дар ин бора Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, дар сӯҳбати вижа бо Sputnik Афғонистон изҳор дошт.
"Муқовимати мусаллаҳона ҳоло хатари бузурге ба бор намеорад. Хавфи хеле бузургтар барои мақомоти Афғонистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст. Ин метавонад афғонҳоро ба эътироз дар шаклҳои гуногун барангезад, ки хеле ҷиддитар аз ҳамалоти ҷирикӣ аст", - афзуд Кобулов.
Ӯ дар бораи ҳайати размии ҷабҳа, ки ахиран гуфта мешуд чаҳор ҳазор сарбоз дорад, гуфт, ки ба ин бовар надорад.
"Аз миқёси ҳузури чор ҳазор нафар чизе намоён нест, сухан дар бораи даҳҳо ва садҳо нафар меравад",- гуф ӯ.
Мавсуф ҳамзамон аз фаъолшавии гуруҳҳои алоҳида дар Шимоли Афғонистон, Тахор ва дигар нуқот гуфт, ки ҳоло парокандаанд.
Ба гуфти дипломат фаъолият низ аз тобистони гарми Афғонистон буд, аммо сардии зимистон фаро мерасад, вақте ки маъмулан мизони ҳамагуна амалиёти ҷангӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш меёбад. Зимистон меояд ва мо мебинем, ки дар асл чӣ ҳаст.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ягона сангар зидди низоми толибонӣ пас аз суқути ҳукумати пешини ин кишвар дар таърихи 15 август дар Панҷшер аз ҳастии худ дарак дод.
Хамакнун беш аз як сол аст, ки нерӯҳои он бо ҷангиёни толибон дар дарраҳо ва қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш дар набарданд.