Ҷаласаи гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон ва таъкид бар оташбас

Вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳоло нисбатан муътадил арзёбӣ шуда, ҷонибҳо ҳамдигарро ба риояи оташбас таъкид доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сент — Sputnik. Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон барои баррсаии баҳси марзӣ ба кори худ идома медиҳад
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, субҳи рӯзи 17-уми сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" комиссияи муштарак оид ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба кори худ идома дод.
Гуруҳи корӣ аз ҷониби Тоҷикистонро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва аз ҷониби Қирғизистон таҳти роҳбарии раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва дар ҳайати роҳбарони мақомоти қудратӣ ширкат доштаанд.
Ҷонибҳо дар ин ҷаласа барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид карданд.
ВКД Тоҷикистон Қирғизистонро ба нақзи оташбас муттаҳам кард: ба мулкиён ҳамла карданд
"Дар рафти мулоқот фаъолияти муназзами комиссияи муштарак барои назорати риояи оташбас дар минтақаи марзӣ муҳим арзёбӣ гардида, вазъ таҳти назорати ҷонибҳо қарор дорад",- афзудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки вазъият дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад.
Аммо Хадамоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар изҳороти субҳгоҳияш гуфт, ки ҷониби Қирғизистон ба марз нерӯи бештар интиқол медиҳад ва ба иғвои навбатӣ омода мешавад.