ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар 8 моҳи соли 2022 гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст.
Бино ба иттилоъи Ожонси омори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-август мизони табодули мутақобила ба 10 миллион доллар расидааст, ки дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 45% камтар будааст.
Дар ҳамин ҳол, бахши аъзами гардиши мол миёни ҳамсояҳо - 94% -ро воридоти маҳсулот аз Қирғизистон ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки баъди даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи майи соли 2021 Бикшкек марзҳояшро якҷониба баста буд.
Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, муомилоти мол миёни ин кишварҳо тавассути қаламрави кишварҳои сеюм, умдатан тавассути Ӯзбекистон сурат мегирад.
Бояд қайд кард, ки Душанбе бештар аз ҳамсояаш ангишт мехарад.