ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соати 14:30-и 16 сентябр бо вақти Душанбе оташбас эълон карда шудааст.
Дар ин бора Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев ба тавофуқ расидаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд дар таъйиди эълони оташбас иттилоъ дод, ки гуфтушуниди ҷонибҳо таҳти раёсати Тошиева ва Ятимов дар дидбонгоҳи гумрукии "Равод" дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат гирифт.
"Дар мулоқот ҳамзамон вазирони корҳои дохилии ду кишвар, раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ширкат варзиданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ ҷонибҳо аз оташбаст хабар дода буданд, аммо дар амал даргирӣ идома пайдо кард.
Даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон субҳи барвақти 16 сентябр сар зада, Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро дар оғози он ва нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.
Переговоры Ятимова и Ташиева
© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
КДАМ Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро дар ҳадафмандона мураккаб кардани вазъ дар сарҳад муттаҳам карда, таъкид намуд, ки Бишкек моҷароҷӯӣ дораду аз музокира дар мепечад.
"Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд", - афзуд КДАМ.
Инчунин таъкид шуд, ки ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ дар идомаи муноқиша Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад.
Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад, илова намуд ин ниҳод.