ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон нерӯҳои иловагиро аз марз бозпас хоҳанд гардонд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов ба тавофуқ расидаанд.
Зимни мулоқоти президентҳо, ки дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд баргузор гардид, таъкид шудааст, ки роҳбарони мақомоти давлатии амнияти миллӣ дар макони ҳодиса корбарӣ хоҳанд кард.
Инчунин Комиссияи муштарак барои таҳқиқи даргириҳои ахири марзӣ ташкил карда мешавад.
Дар зимн таъкид намудааст, ки кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории марз суръат бахшида шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он номуайян боқӣ монда, боиси танишҳо дар сарҳад мешавад.
Даргирии ахири марзӣ субҳи 16 сентябр рух дода, ҳудуди 10 соат давом кард. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд. Ҷонибҳо аз соати 14:30 оташбас эълон карданд ва гуфта мешавад, ки феълан шиддат дар марз коҳиш ёфтааст.
Расман мақомоти тоҷик шумораи талафоташро ҳанӯз баён надоштааст, аммо манобеъ аз кушта шудани ҳадди ақал 7 мулкӣ ва ҷароҳат бардоштани 15 нафар хабар доданд. Ҷониби Қирғизистон теъдоди осебдидагонашро ҳудуди 42 нафар арзёбӣ кард.