Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Аз овозаи ришдорҳои мусаллаҳ то аслиҳаи вазнин: Интиқоди Душанбе аз моҷароҷӯии Бишкек

Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро дар ҳадафмандона мураккаб кардани вазъ дар сарҳад муттаҳам карда, таъкид намуд, ки моҷароҷӯӣ дораду аз музокира сар мепечад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар баробари оташкушодии пуршиддат, Қирғизистон ба овозапароканӣ аз тавассути интернет машғул шуда, ҳадафмандона вазъ дар марзро мураккаб мекунад, изҳор дошт КДАМ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон барои эътидоли вазъ дар марз бо Қирғизистон то соати 11:10 дақиқаи 16 сентябр натиҷа надода истодаанд.
"Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд", - афзуд КДАМ.
Инчунин таъкид шуд, ки ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ дар идомаи муноқиша Ҷумҳурии Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад.
"Онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст", - омадааст дар иттилоия.
Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Муноқиша идома дорад: Тоҷикистон гуфт, 2 бор яктарафа оташбас эълон кард
"Маълумотҳои иғвоангезе, ки аз ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанд мақсаднок ба мураккабтар намудани вазъият дар хати сарҳади давлатии ду кишвар нигаронида шудаанд", - таъкид намуд КДАМ.
Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад, илова намуд ин ниҳод.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Қирғизистон Тоҷикистонро дар оғози даргирӣ ва нақзи оташбас муттаҳам кард.