ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии "Коктош"-и отряди сарҳадии Бодканди Қирғизистон соати 04:50-дақиқаи субҳ аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии "Душанбе"-и отряди сарҳадии Исфараро гулӯлаборон карданд.
Дар ин бора қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд.
КДАМ таъкид намуд, ки новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар оғози даргирӣ муттаҳам карда, афзуданд, ки 4 марзбони қирғиз осеб дидаанд.
Ҷониби Тоҷикистон расман дар бораи талафот ҳанӯз иттилоъ надодааст, аммо манобеъ мегӯянд, куштаю маҷруҳон аз ҷумла миёни сокинони мулкӣ низ ҳастанд.