ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ахиран дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзии назди Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳоии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз таъсиси Шурои мазкур ҷалб ва сафарбар намудани диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҳамкорӣ кардан бо онҳо барои таъмини рушди устувори Тоҷикистон тариқи фароҳам овардани заминаҳои мусоид, бунёди эътимод ва таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Қайд карда шудааст, ки дар чорабинии мазкур роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва тариқи маҷозӣ роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Русия, Қазоқистон, Амрико, Фаронса, Бритониё ва Қатар иштирок доштанд.
Ширин Амонзода, вазири меҳнати кишвар дар ин ҷаласа қайд карлд, ки солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Тоҷикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст.
Зикр карда шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи дар бораи татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар ва гузориши намояндагони вазорату идораҳо оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзи шунида шуд.