Агар сомонӣ дар биржаи Маскав пайдо мешавад, чӣ мешавад: посухи Вазорати иқтисоди Русия

Пули тоҷикӣ метавонад ба зудӣ дар сайти бузургтарин биржаи Русия пайдо шавад: мақомоти Русия гуфтанд, ки ин ба чӣ оварда мерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Гузариш ба пули миллӣ барои афзоиши гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон зарур аст. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач изҳор дошт.
Ҳамин тавр, ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи дурнамои муомилоти сомонӣ дар биржаи Маскав изҳори назар кард.
"Аллакай беш аз 57% ҳисоббаробаркуниҳо дар савдои мутақобила бо асъори миллии Русия ва Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Як қатор асъорҳои кишварҳои ИИАО ва ИДМ дар биржаи Маскав дар қиболи рубл фаъолона муомилот мешаванд", - таъкид кард Волвач.
Ин як ҷанбаи муҳими рушди тиҷорат ва сармоягузории мутақобила аст, афзуд ӯ.
Ба гуфтаи муовини раиси ин ниҳод, дар ояндаи наздик ҷуфти рублу сомонӣ бояд дар майдони бузургтарин холдинги биржаи Русия ба муомилот шурӯъ кунад.
Қобили зикр аст, ки Волвач яке аз иштирокчиёни форуми бузурги сармоягузории "Тоҷикистон - Русия", ки дар Душанбе баргузор шуд, гардид.
"Амонатбонк" бо шарикон аз Русия ба додугирифт бо рубл гузаштааст
Дар чорабинӣ зиёда аз 150 нафар намояндагони мақомот ва доираҳои тиҷоратии Федератсияи Русия, инчунин соҳибкорону сармоягузорони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Ҳадафи аслии ин ҳамоиш роҳандозии иртибот миёни доираҳои тиҷоратӣ, иҷрои тарҳҳои нави Русия дар бахшҳои саноат, энержӣ ва кишоварзӣ дар қаламрави Тоҷикистон аст.
Қаблан дар биржаи Маскав ба муомилот бо суми ӯзбакӣ шурӯъ карда буданд. Ҷуфти нави асъор имкониятҳоро барои иштирокчиёни бозор ва муштариёни онҳо васеъ намуда, инчунин барои рушди ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ барои субъектҳои хоҷагидории ҳарду кишвар як ангезаи иловагӣ мегардад.
Дар ояндаи наздик соми қирғизӣ низ дар ин майдон пайдо мешавад.