ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд мулоқот карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мавзӯи аслии музокироти раҳбарони кишварҳо равобити дуҷониба ва ҳамчунин вазъи Афғонистон буд.
"Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон табодули афкор карданд", — омадааст дар хабар.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф ҳамкориҳои миёни ҷумҳуриҳо дар заминаи амниятро баррасӣ карданд.
Ҳадафи асосии он мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва таҳдидҳои глобалӣ буд.
Сарвари давлат қайд кард, ки "таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои созанда бо Покистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад".
Ба гуфтаи ӯ, кишвар ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашм ва пӯст бо истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди мармар ва шишаи сохтмонӣ манфиатдор аст.
Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо барои боздиди расмӣ ба ҷумҳуриҳо якдигарро даъват карданд.