Имзои 17 санади ҳамкорӣ миёни Эрону Ӯзбекистон

Ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрону Ӯзбекистон афзоиш меёбад. Мақомоти ду кишвар дар шаҳри Самарқанд 17 санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ ва ёдошти тафоҳум байни Теҳрону Тошканд дар ҳузури руасои ҷумҳурӣ, байни вазирони ду кишвари Эрону Ӯзбекистон баргузор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Садо ва симо"-и Эрон.
Иттилоъ дода шудааст, ки маросими имзои санадҳо дар бинои марказии Кангре ва дар маҷмаъи гардишгарии Шоҳроҳи Абрешим Самарқанд баргузор шуд.
Эрону Ӯзбекистон 17 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои энержӣ, саноат, кишоварзӣ, варзиш ва фарҳангӣ имзо карданд.
Қайд карда шудааст, ки нн санадҳои ҳамкорӣ дар заминаҳои рушди ҳамлу нақли транзит, мубодилоти фарҳангӣ, гумрук, мубодилоти тиҷорӣ ва иқтисдоӣ, беҳдошт ва дигар заминаҳо аст, ки байни вазирони Эрон ва Ӯзбекисон ва дар ҳузури руасоиҷумҳур ба имзои тарафайн расид.
Ӯзбекистон аз содироти мева ба Эрон хабар дод
Пас аз табодули санадҳои ҳамкории Теҳрон ва Тошканд, ки ба имзои вазриони давлати ду кишвар расид, руасоиҷумҳури ду кишвар низ баёнияи муштараки ҳамкории ду кишварро имзо карданд.
Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ сафари раисҷумҳури Эрон ба Ӯзбекистон пас аз вақфаи 20 сола аз охирин сафари яке аз раисони ҷумҳури Эрон ба ин кишвар сурат мегирад.