ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Мақомоти ноҳияи Ҷайҳун хабар додаанд, аз ин 20 корхонае, ки бояд бунёд гардад, алакай се ададаш бо 50 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шудааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Маҳмуродзода Ҷамшед, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун, хабар додааст, ки дар доираи эълон шудани солҳои рушди саноат ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун тасмим гирифтааст, ки шумораи корхонаҳои саноатиро 20 адад зиёд кунад.
Вай қайд кардааст, ки дар 8 моҳи соли равон аз 20 корхонаи ба нақша гирифташуда се адади он – ҶДММ “Тахор Тоҷикистон плас”, самти фаъолияташ истеҳсоли қуттиҳои плостикӣ барои меваҷот бо 10 ҷойи нави корӣ, ҶДММ “Панелҳои офтобӣ” бо таъсиси 25 ҷойи корӣ ва коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ бо 6 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Инчунн вай илова кардаат, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 70,7 миллион сомонӣ расонида шуд.
Қайд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад, суръати афзоиш бошад 122,1 дарсадро ташкил медиҳад.