Тағйироти кадрӣ дар идораи зиндонҳои Тоҷикистон

Сардори нави Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғдро генерал Мансурҷон Умаров, роҳбари идораи зиндонҳои Тоҷикистон муаррифӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораи зиндонҳои вилояти Суғд тағйироти кадрӣ анҷом додааст.
Бо фармони вазири адлия, полковник Мирзо Маҳмадӣ, сардори идораи зиндонҳои вилояти Суғд таъйин гардид, хабар дод манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ, дар расми муаррифии мақомдори нави идораи зиндонҳо дар вилояти Суғд, генерал Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иштирок дошт.
"Маросими муаррифии сардори нави Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури генерал Мансурҷон Умаров баргузор шуд", – афзуд, манбаъ
Полковник Мирзо Маҳмадӣ дар ин мақом полковник Иброҳим Солеҳзодаро иваз намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Солеҳзода дар ин вазифа ҳудуди 10 сол кор кардааст. Зимнан сабаби барканории Солеҳзод гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо вазифаи нави ӯ ҳанӯз маълум нест.
Мирзо Маҳмадӣ то таъйин шуданаш ба мақоми роҳбарӣ дар идораи зиндонҳои Суғд, дар Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кор кардааст.