ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон да наздикии деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара в пушти мизи музокира нишсатанд, иттилоъ додааст манбаъ аз шаҳрдории Исфара.
Музокираи мазкур пас аз чанд ҳодисаи тирпарронӣ, ки ахиран дар марзи ду кишвар сар зад ва боиси кушта шудани ду марзбон ва захми шудани 6 нафари дигар шуд, сурат гирифт.
Дар ин музокирот Тоҷикистонро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, сардори Раёсати ВКД-и Тоҷикистон генерал Абдулло Навҷувонов, Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, ва дигар раисони ҷамоатҳои наздимарзии шаҳри Исфара намояндагӣ мекунанд.
Ҷониби Қирғизистонро дар ин музокирот раиси вилояти Бодканд Абдикарим Олимбоев намояндагӣ мекунад.
Манбаъ қайд кардааст, ки музокирот миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз зуҳр шурӯъ шуд ва то ҳол идома дорад.
Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз Тоҷикистон сарҳадбонони қирғизро дар гулӯлаборон кардани постгоҳи сарҳадии "Кех" дар ҷамоати Ворух муттаҳам кард.
КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи марзии "Булакбошӣ"-и Бодканди Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии "Кех"-и отряди сарҳадии Исфараи Тоҷикистон аз минамёт гулӯлаҳо партофтаанд.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех" парондаанд.