Нархи барқ дар Тоҷикистон боло меравад: Аз кай ва чанд?

Тарофаҳои нави нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ахиран тасдиқ кардааст, аз 1 октябри соли равон мавриди амал қарор мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Қимати истифодаи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ ҳудуди 4 дирам боло рафта, 26,51 дирам муқаррар шудааст.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки ахиран тасвиб шудааст, нархномаҳои нав аз 1-уми октябри соли ҷорӣ амалӣ мешаванд.
То кунун аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯ 22,66 дирам пардохт мекарданд, аммо минбаъд 26,51 дирам хоҳанд дод. Ҳамзамон қувваи барқ барои барои корхонаҳои саноатӣ дар нархномаҳои нав 60,65 дирам, корхонаҳои буҷетӣ - 26,51, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон 9,2 дирам ва дар тирамоҳу зимистон 26,51 дирам муқаррар кардааст.
Афзоиши тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон: манбаъ чист?
Чун қаблан ин болоравии нархҳо ба корхонаи алюминийи тоҷик, ки қисми зиёди нерӯро истифода мекунад, дахл надорад.
Қаблан Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикисто, зимни суҳбат аз зарурати боло бурдани нархи барқ дар ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки қимати он аз соли 2019 то ҳол зиёд нашудааст.
Вазир болоравии нархо ба зарурати сармоягузорӣ ба рушди соҳаю фароҳамсозии инфрасохтор рабт дод.