Таъсиси корхонаҳои муштараки саноати сабук аз ҷониби Туркия дар Тоҷикистон

Соҳибкорони вилояти Хатлон ният доранд, муносиботи тиҷоративу иқтисодиро бо шаҳрҳои Ғозиёнтеппа, Қаҳрамонмараш, Бурса ва Истанбули Туркия густариш диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар Туркия раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва ноиби президенти Минтақаи муташаккили саноатии Ғазиёнтеппа Умар Ҷинҷикчӣ санади ҳамкориро дар умури рушди равобити иқтисодию тиҷоратӣ, баррасии имконияти сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноати сабук ба имзо расониданд.
Ҳамчунин санади ҳамкорӣ миёни роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” Илҳом Камол ва ноиби президенти ММС-и Газиантеп Умар Ҷинҷикчи ба имзо расид.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот, аз ҳайати музофоти Газиантеп, аз ҷумла ММС-и Газиантеп даъват карда шуд, ки соли оянда ба Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ташриф биоранд.
Даҳҳо мансабдору соҳибкори Хатлон Туркия рафтанд
Ҳамчунин миёни масъулини вилояти Хатлон ва Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп, инчунин доираҳои тиҷоратии ҳар ду ҷониб вобаста ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳунармандӣ, имкониятҳо барои роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи туркӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ахиран ахиран ҳайати ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Туркия сафар намуд.
Ҳадафи ин сафар ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Бурса ва Истанбул мебошад, ки он то 18 сентябр идома меёбад. Гурӯҳи мазкур бо фаъолияти Минтақаи муташаккили саноатии Газиантепи Туркия аз наздик шинос шуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар мулоқот бо масъулини ММС ва соҳибкорони Газиантеп зикр кард, ки солҳои тулонист Тоҷикистон бо Туркия муносибати дӯстона ва ҳамкории зич дорад, ки дар асоси принсипҳои эҳтироми якдигар, эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн бунёд шудаанд.
Дар Туркия аз таслимшавии наздики Аврупоро бинобар норасоии газ пешгӯӣ карданд
Айни замон бештар аз 100 ширкати сармоягузории Туркия дар Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд ва ҳаҷми сармоягузорӣ ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад.
Қурбон Ҳакимзода дар Туркия иброз доштааст, ки барои бунёди корхонаҳои муштарак ва тақвияти ҳамкорӣ дар вилоят захираҳои зиёди ашёи хом ва имконияту иқтидорҳои зарурӣ мавҷуд мебошад.
Вай гуфт, сафари ҳайати Тоҷикистон ба Туркия ба хотири дарёфти ҳамкории судманд дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла растанипарварию чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, тақвияти ҳунармандӣ мебошад.
Инчунин раиси вилояти Хатлон зикр кардааст, ки вилоят барои ба роҳ мондани алоқаи мустақим байни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатии ба содиротнигаронидашуда талош хоҳад кард.