Дар кӯчаву хиёбонхои шаҳр корҳои ороиши, насби нишонаҳои СҲШ ва фавораҳои чинӣ идома дорад.
Дар канори роҳҳо байрақхои давлатҳои СҲШ насб овехта шудааст. Сомонаи ин созмон ҳамчунин зикр мекунад, ки маҷмааи сайёҳии “Роҳи абрешими Самарқанд” ба ифтихори ин ҳодиса бунёд шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар ин нишаст сарони 15 кишвар, аз ҷумла Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Си Ҷинпин, роҳбари Чин, ҳамчунин раҳбарони Туркия, Беларус ва дигар кишварҳои узви СҲШ ширкат хоҳанд кард.
Интизор меравад, раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев барои ширкат дар ин нишаст ба унвони меҳмон ба Ӯзбекистон сафар кунад.
Сухангӯи раисҷумури Ӯзбекистон Шерзод Асадов дар Telegram-канали худ навиштааст, ки ин чорабинӣ нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи сарони кишварҳои СҲШ баъд аз 2019 мебошад.
Ёдовар мешавем, ҷаласаи сарони кишварҳҳои узви СҲШ 15-16 сентябрт дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад.