Русия ва Тоҷикистон: 30 соли ҳампаҳлуии ду шарики стратегӣ - видео

Вазири иқтисоди Русия дар рӯзи таҷлили 30-солагии равобити Маскав ва Душанбе аз дастовардҳои ин ду кишвар тайи ин муддат гуфт
Sputnik
Тоҷикистон имрӯз як кишвари зебову асил бо иқтисоди рушдёбанда, шарики боэътимод ва ҳампаймони Русия мебошад, гуфт вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников.

"Зиёда аз 30 сол аст, ки мо паҳлу ба паҳлу истода, буҳронҳоро якҷоя паси сар карда, лоиҳаҳои нави сармоягузориро амалӣ менамоем ва ҳамкориҳои иқтисодиро густариш медиҳем", - таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод, Маскав барои рушди як қатор бахшҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, энержӣ ва зербиноӣ дар Тоҷикистон аллакай ҳудуди 1,5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.
Таҷлили солгарди Истиқлол ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар Маскав
Решетников қайд кард, ки барои вусъат додани робитаҳо дар сатҳи олӣ кор давом дорад: ҳукуматҳо ва ҳамаи вазоратҳои дахлдор дар гуфтушунид қарор доранд.
Минтақаҳои Русия низ ба рӯзнома ворид шудаанд ва 60-тои онҳо бо шарикони тоҷик фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
Раҳбари Вазорати рушди иқтисод ёдовар шуд, ки дар ояндаи наздик нахустин ҳамоиши сармоягузории "Русия – Тоҷикистон" баргузор мешавад, ки дар он шумори соҳибкорони ҷалбшуда аз Федератсияи Русия метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад.