Баррасии ҳамкории ширкатҳои “ТАлКо”-и Тоҷикистон ва “Азералюминий”-и Озарбойҷон

Рисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо раиси Милли Меҷлиси Озарбойҷон густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ояндадори кооператсияи саноатиро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Боку дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Милли Меҷлиси Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, президенти кишвар зимни мулоқот таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ба рушди пай дар пайи ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти пайваста медиҳем.
“Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи фаъолсозии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва қабули Нақшаи чорабиниҳои ҳамкории иқтисодӣ то соли 2025-ро мавриди баррасӣ қарор доданд”, - гуфт манбаъ.
Инчунин қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ атрофи масоили густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ояндадори кооператсияи саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои истихроҷ ва коркард, ҳамкории ширкатҳои “ТАлко”-и Тоҷикистон ва “Азералюминӣ”-и Озарбойҷон табодули афкор сурат гирифт.
Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт
Ҳамчунин тарафҳо таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Боку ва рушди туризм зарур донистанд.
Зимни баррасии ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ба масъалаи дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар бораи об дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, пуштибонии Тоҷикистон аз авлавияти раёсати Озарбойҷон дар “Ҳаракати адами тааҳҳуд”, дар бораи таъсиси Гурӯҳи тамос дар умури мубориза бо коронавирус ва дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳоди ташаббус оид ба баррасии дархости Озарбойҷон ҷиҳати дарёфти мақоми нозир дар ин созмон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҳамчунин дар бораи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули судманди афкор сурат гирифт.