ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Вазъ дар нерӯгоҳи ҳастаии Запароже аз мавзуъҳои марказии суҳбати телефонии президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои фаронсавияш Эммануэл Макрон буд, хабар дод Кремл.
Ба иттилои манбаъ, раҳбари Русия дар бораи чораҳои андешидаи мутахассисон ҷиҳати таъмини амнияти нерӯгоҳ маълумот дод.
Дар ҳамин ҳол, ӯ ба тирборони пайваста дар ин минтақа аз сӯи низомиёни Украина ишора карда, бар зарурати фишор болои мақомоти Киев таъкид кардааст.
"Аз ҷониби Русия таваҷҷӯҳ ба ҳамлаҳои пайвастаи украинӣ ба иншооти нерӯгоҳи ҳастаӣ, аз ҷумла як анбори партовҳои радиоактивӣ ҷалб шуд, ки оқибатҳои фалокатбор дорад", - омадааст дар иттилоия.
Президентҳо омодагии мутақобилан барои ҳамкорӣ дар нерӯгоҳи Запароже бе ангезаҳои сиёсӣ бо иштироки МАГАТЭ-ро баён доштаанд.
Ҳамчунин Путин таваҷҷуҳи Макронро ба он ҷалб кард, ки Украина ҳадафмандона инфрасохтори ғайринизомии Донбассро бо кумаки аслиҳаи ғарбӣ тирборон мекунад, ки аз ин мардуми осоишта осеб мебинанд.
Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаро оид ба масъалаҳои мазкур дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи вазирон идома диҳанд.
Нерӯгоҳи Запороже дар соҳили чапи Днепр дар наздикии Энергодар вокеъ буда, аз нигоҳи теъдоди блокҳо ва иқтидор калонтарин истгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо мебошад.