ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тоҷикистон имрӯз як кишвари зебову асил бо иқтисоди рушдёбанда, шарики боэътимод ва ҳампаймони Русия мебошад.
Дар ин бора зимни як чорабинӣ дар сафорати ҷумҳурӣ дар Маскав, ки ба муносибати Рӯзи истиқлолият бахшида шуда буд, гуфт роҳбари Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников.
"Зиёда аз 30 сол аст, ки мо паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бӯҳронҳоро якҷоя паси сар карда, лоиҳаҳои нави сармоягузориро амалӣ менамоем ва ҳамкориҳои иқтисодиро густариш медиҳем", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод, Маскав барои рушди як қатор бахшҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, энержӣ ва зербиноӣ дар Тоҷикистон аллакай ҳудуди 1,5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.
Решетников қайд кард, ки барои вусъат додани робитаҳо дар сатҳи олӣ кор давом дорад: ҳукуматҳо ва ҳамаи вазоратҳои дахлдор дар гуфтушунид қарор доранд.
Минтақаҳои Русия низ ба рӯзнома ворид шудаанд ва 60-тои онҳо бо шарикони тоҷик фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
Раҳбари Вазорати рушди иқтисод ёдовар шуд, ки дар ояндаи наздик нахустин ҳамоиши сармоягузории "Русия – Тоҷикистон" баргузор мешавад, ки дар он шумори соҳибкорони ҷалбшуда аз Федератсияи Русия метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад.