Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар истиқлоли давлатиро муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи тоҷик номид.
“Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи кишвар мебошад”, — таъкид карданд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки 8 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ майдони "Истиқлол" ва Маҷмааи меъмории рамзи истиқлол ифтитоҳ карда шуданд.
Баландии "Истиқлол" 121 метр буда, қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва қисми болоии он 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолиятро ифода менамояд.
Масоҳати умумии маҷмааи рамзи истиқлол 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.
Дар қисми болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи истиқлол тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлол, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.