ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Хадамоти истихбороти хориҷии Русия изҳор доштааст, ки афзоиши фаъолиятҳои террористӣ дар Афғонистон натиҷаи радди ҳамкориҳои байналмилалӣ систематик дар мубориза бо ифротгароӣ аз сӯйи Ғарб буд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Ҳамалоти гурӯҳӣ ва инфиродӣ дар Афғонистони бештар шудааст. Натиҷаи мантиқии имтиноъи кишварҳои ғарбӣ аз ҳамкории ҳамоҳанг ва систематики байналмилалӣ дар мубориза бо ифротгароӣ ташдиди фаъолиятҳои террористӣ дар Афғонистон буд", - афзудааст ин Созмон.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар наздикии бахши консулигарии сифорати Русия дар Кобул як фарди ношиносе бомбро мунфаҷир кард, ки дар натиҷа ду корманди сафарат кушта шуданд.
Вазорати хориҷаи Русия шарҳ дод, ки тарафи русӣ бо нерӯҳои махсуси Афғонистон дар тамос наздик аст.
Ба гузориши шабакаи телевизиюнии “Алҷазара” дар ин инфиҷори даст кам 8 нафари кушта ва ҳадди ақал 15 нафар захмӣ шуданд.
Ба гузориши шабакаи “Алъарабия”, гурӯҳ "Давлати исломии хуросон"* ки шохае аз созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ)* аст, масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.
* - созмони террористие, ки дар қаламрави Русия аст