НАТО эҳтимоли нобудшавии Украинаро ҳамчун давлати мустақил тахмин зад

Дабири кулли НАТО ахиран дар як нишасте гуфтааст, ки имкон дорад, Украина ҳамчун давлати мустақил дигар арзи вуҷуд накунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО иддао дорад, ки агар Украина ҷангро бас кунад, ин кишвар дигар наметавона ҳамчун як ҷумҳурии мустақил арзи ҳастӣ намояд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Агар Русия амалиёти ҷангиро бас кунад, сулҳ фаро мерасад, агар Украина бас кунад, мавҷудияти он ҳамчун як кишвари мустақил зери суол хоҳад рафт", - гуфт дабири кулли НАТО дар нишасти хабарии муштарак дар Брюссел бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен.
Дабири собиқи НАТО: Ғарб бояд аз нерӯҳои зидди толибон ҳимоят кунад
Ёдовар мешавем, ки кишварҳои узви НАТО ба таври ошкоро аз Украина ҳимоят кард ва ба ҳукумати ин кишвар кумакҳои низомӣ мерасонад. То ба ҳол, ба артиши Украина системҳои мушакӣ ва тупхонаҳои муоссир дастрас намудааст.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.