Системаҳои зиддимушакии Оса-АКМ барои дифои ҳавоии мавқеъҳои нерӯҳои Русия дар минтақаи амалиёти вижа ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.
Чунин системаҳо аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳо, чархболҳо, мушакҳои болдор, паҳподҳо ва дигар силоҳҳои ҳамлаи ҳавоӣ дар баландиҳои миёна, паст ва ниҳоят паст дар шароити душвори ҳавоӣ ҳимоят мекунанд.
"Чунин системаҳо метавонанд ҳадафҳои ҳавоиро дар масофаи то 10 ҳазор метр нобуд кунанд", мегӯянд низомиён.
Низомиён илова намуданд, ки аз лаҳзаи гирифтани фармон ба cap додан хамагй чанд сония мегузарад.
Ба гуфтаи низомиён, ин система худро дар мубориза бо паҳподҳо хуб нишон додааст.
Сарбози Русия мегӯяд, дар оғози амалиёти махсус, системи “Оса” паҳподҳои зиёдеро нобуд кард, аз қабили Байрактар ва дигар паҳподҳои истеҳсоли хориҷӣ. Ҳоло шумораи онҳо хеле кам шудааст, бисёре аз онҳо тавассути сестемаи “Оса” нобуд карда шудаанд.