Муовини сарвазир ба дидори Оқил Оқилов рафт

Мақомодорони кишвар сарвазири пешини Тоҷикистонро хабар гирифтанд ва табрикоти раисҷумур ба муносибати истиқлоли кишварро ба ӯ расонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон собиқадорони меҳнатро аёдат карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон ба манзили собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулина омада, аз номи президенти Тоҷикистон 31-умин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба онҳо табрик гуфтанд.
Туҳфаҳои Шодихон Ҷамшед ба Оқил Оқилов ва дар меҳмонии Фарзона
Таъкид карда шуд, ки истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон неъмати бебаҳо мебошад.
Қайд карда шудааст, ки собиқадорони меҳнат истиқлолу озодиро неъмати бузург арзёбӣ карданд.

Оқил Оқилов кист?

Оқил Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969-1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.
Аҳмадзода собиқадори меҳнат Абдурашид Ҷабборовро аёдат намуд
Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шуъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.
Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилоят фаъолият дошт.
Солҳои 1999-2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 дубора дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Хизматҳои Оқил Оқилов бо якчанд мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардида, мавсуф айни замон дар нафақа аст.