Эъдоми ду шаҳрванди Афғонистон дар зиндонҳои Эрон

Манобеи мардумӣ дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон мегӯянд, ки ду шаҳрванди ин кишвар дар зиндонҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон эъдом шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Манобеъ мегӯянд, ки ин ду шаҳрванди Афғонистони ахиран дар зиндонҳои Миноб ва Бандараббоси Эрон ба дор овехта шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба рӯзномаи “Ҳашти субҳ”.
Манобеъ дар Нимрӯз меафзоянд, ки яке аз эъдомшудаҳо Аллоҳнур Солорзай ном дошт ва дар соли 1399 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддири боздошт шуда буд.
Манобеъ Солорзайро 23 сола гуфтаанд.
Гуфта мешавад, Солорзай сокини вилоят Нимрӯз аст ва соҳиби ду фарзанд будааст, ки феълан дар Зобули Эрон зиндагӣ мекунанд.
Коршиноси покистонӣ: Иддаои толибон дар бораи амнияти Афғонистон як афсона аст
Ба гуфта манобеъ, Ёрмаҳмади Исҳоқзай, шаҳрванди дигар Афғонистон аст, ки дар зиндони Бандараббос маҳбус буд.
Исҳоқзай ҳам сокини вилояти Нимрӯз буд ва дар соли 1399 ба иттиҳоми муртабит бо маводи мухаддир дар Бандараббоси Эрон боздошт шуда буд.
Гуфта мешавад, ки ҷасади Ёрмаҳмади 40-сола ба бемористон дар Бандараббос мунтақил шуда ва хонивода ӯ токунун аз эъдомаш бе хабаранд.
Эрон яке аз кишварҳоест, ки бо омори баланди эъдом шинохта мешавад.
Ин кишвар борҳо шаҳрвандони Афғонистонро бо ҷурмҳои гуногун боздошт ва эъдом кардааст.
Пеш аз ин низ як шаҳрванди Афғонистон ба номи Худоназар аз вулусволии Морҷаҳи Ҳилманд, ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар зиндони Зоҳидӣ эъдом ва ҷасадаш ба Афғонистон мунтақил шуда буд.